Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
Душанбе, 8-уми июли соли 2017
Пас аз ба анҷом расидани имтиҳони умумӣ (қисми А) ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои субтести таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ барои ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо бори дигар санҷида шуданд. Вариантҳои ниҳоии калидҳо дар сомонаи Марказ гузошта шуданд.
Душанбе, 6-уми июли соли 2017
Пас аз ба анҷом расидани имтиҳони умумӣ (қисми А) ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои субтести математика барои ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо бори дигар санҷида шуданд. Вариантҳои ниҳоии калидҳо дар сомонаи Марказ гузошта шуданд.
Душанбе, 4-уми июли соли 2017
Бинобар сабаби техникӣ калиди як масъалаи субтести математика барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (А.1) ғалат нашр шудааст. Варианти ислоҳшуда дар сомона гузошта шуд.
Душанбе, 3-юми июли соли 2017
Дар варианти тоҷикии субтести математика барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (А.2) ҷавоби дурусти масъалаи зерин чоп нашудааст:
Агар дар рафи якум 84 китоб, дар рафи дуюм назар ба рафи якум 26 китоб бештар ва дар рафи сеюм назар ба рафи якуму дуюм 2 маротиба камтар китоб бошад, дар рафи сеюм чанд китоб ҳаст?
Бинобар ин ба ҳамаи довталабоне, ки масъалаи зикргардида дар саволномаи онҳо ҷой дошт, сарфи назар аз ҷавоби додаашон, 1-холӣ дода мешавад.
Душанбе, 2-юми июли соли 2017
Бинобар сабаби техникӣ калиди як саволи субтести забони тоҷикӣ барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (А.1) ғалат нашр шудааст. Варианти ислоҳшуда дар сомона гузошта шуд.
Саҳифаи 121 аз 164
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Бадомафтодагон
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Ҳамаи хабарҳо