Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

АЗ НАТИҶАИ ИМТИҲОНҲО ЧӢ ТАВР ХАБАРДОР ШУДАН МУМКИН АСТ?

Нашр шуд: 31 Январи 2025
Диданд: 16804

 Натиҷаи имтиҳонҳоро Марказ бо воситаҳои замонавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ эълон ва нашр мекунад.

Дар бораи иштироки довталаб дар ИМД, шумораи хол ва балҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтан ва ғайра дар кабинети инфиродии ӯ маълумоти муфассал дода мешавад. Дар бораи моҳият ва тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ дар бахши “Кабинети инфиродӣ” маълумоти бештар дода шудааст.

Барои ба довталаб дастрас кардани маълумот оид ба натиҷаи имтиҳонҳояш Марказ тавассути паёмаки телефонӣ (SMS) низ хизматрасониро ба роҳ мемонад. Дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ба рақами телефони мобилии дар вақти бақайдгирӣ нишондодаи довталаб паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад.

Аз натиҷаҳои имтиҳонҳо бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ё нуқтаҳои иттилоърасонии таъсисдодаи он низ бохабар шудан мумкин аст. Рӯйхати нуқтаҳои иттилоърасониро Марказ дар сомонааш мегузорад.

Довталабон дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳояшон тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии SMS‑паёмак ва дафтари асосии Марказу нуқтаҳои иттилоърасонии он дар шаҳру ноҳияҳо маълумот гирифта метавонанд (нигаред ба “Тақвими ИМД-2025”, замимаи 1).

Холи гузариши фаннӣ

 

Вобаста аз миқдор ва навъи саволу масъалаҳои тест ҳар субтест (фанни имтиҳон) шумораи имконпазири бештарини холҳоро дорад, ки дар ин бора аз бахши “Меъёри холгузорӣ ба саволу масъалаҳои тест” бештар маълумот гирифтан мумкин аст. Холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест пас аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳояшон тавассути таҷҳизот ва таъминоти барномавии махсуси компютерӣ ҳисоб карда мешавад.

Баъд аз раванди пурраи ҳисоби холҳои бадастовардаи довталабон дар асоси таҳлилҳои оморӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар яке аз субтестҳои қисмҳои А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) холи гузариш муайян карда мешавад.

Холи гузариши фаннӣ аз ҳар субтест тағйирёбанда буда, онро ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Холи гузаришро аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) низ ҳар сол бевосита Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (новобаста аз муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд) муқаррар менамояд. Холи гузариш барои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), новобаста аз ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои мазкурро талабкунанда ва муассисаҳои таълимӣ, бо шарти супоридани ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардида муқаррар карда мешавад (масалан, чанд соли охир 40 хол). Яъне, ба озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда танҳо довталабоне роҳ ёфтанд, ки ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардидаро супорида, на кам аз 40 холро (ҷамъи холҳо аз ҳамаи санҷишҳо) ба даст оварда буданд.

Холҳои гузаришро аз ҳар фанни қисми Г.1 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва аз ҳар фанни қисми Г.2 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муқаррар мекунад.

Вобаста аз навъи ихтисосҳо барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

• қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А;

• ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В;

• қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А, инчунин аз қисми Г*;

• қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б;

• ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад.

 

Роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад. Тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш гузаштан ё нагузаштани довталабро танҳо натиҷаҳои озмуни тақсимот муайян мекунад.

Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми Б соҳиб намешаванд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.

Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В ё Г) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду лекин аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).

Довталабе, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, ба ӯ бинобар нагузаштанаш аз аттестатсияи хатм/ҷамъбастӣ ҳуҷҷат дар бораи гирифтани зинаи дахлдори таҳсилот дода нашавад, бояд дар ин хусус то оғози даври асосии имтиҳонҳо ба Марказ хабар диҳад. Инчунин, довталабе, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудааст, дар ин бора то оғози даври асосии имтиҳонҳо ба Марказ хабар доданаш лозим аст. Чунин довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ намеёбанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои озмуни тақсимоти такрорӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои озмуни тақсимоти такрорӣ
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон