Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ПЕШНОМНАВИСӢ

Нашр шуд: 16 Январи 2026
Диданд: 23266

 

Барои осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти кормандони Марказ ва довталабон хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) ба роҳ монда мешавад. Хизматрасонии «Пешномнависӣ” ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар ҳолати бархат (онлайн) пешакӣ аз қайд гузарад. Барои ин довталаб бояд маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи зист, рақамҳои телефон, суроғаи почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳон-супорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, ба низом ворид намояд. Довталаб баъдан барои расмӣ кардани номнависӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Ин хизматрасонӣ мустақиман тавассути пайванди https://prereg.ntc.tj ва дар бахши “Пешномнависӣ”‑и саҳифаи асосии сомонаи Марказ дастрас мебошад. Намуди равзанаи воридшавӣ ба он чунин аст:

Расми 3.1. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ”

Шарти асосӣ барои истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” дастрасӣ ба телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ аст, зеро барои истифода аз ин хизматрасонӣ аз довталаб нишон додани рақами телефони мобилӣ ё суроғаи почтаи электронӣ талаб карда мешавад. Довталаб барои ба низом ворид шудан рақами телефони мобилӣ ё суроғаи почтаи электрониро дар равзанае, ки баъди пахши пайванди “Дархости рамз” пайдо мегардад, пешниҳод менамояд. Пас аз ворид кардани суроғаи рақами телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ ва рамзи санҷишӣ (ба таври тасодуфӣ тавлид ва дар равзана нишон дода мешавад) дар майдонҳои дахлдор бо пахши тугмаи “Фиристодан” низом ба телефони мобилӣ ё почтаи электронии довталаб рамзи ба таври худкор сохтаро, ки аз адади шашрақама иборат аст (масалан, 641733 ё 823631), мефиристад. Бо истифода аз телефони мобилӣ ё суроғаи почтаи электронӣ ва рамзи ба ӯ фиристодашуда довталаб тавассути равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонӣ (нигаред ба расми 3.1) ба низом ворид гардида, маълумоти барои бақайдгирӣ заруриро ба он дохил менамояд.

Равзанаи кории хизматрасонии “Пешномнависӣ” се бахшро дар бар мегирад: (1) маълумоти шахсӣ, (2) маълумот дар бораи таҳсилот, (3) интихоби ихтисосҳо.

Дар бахши “Маълумоти шахсӣ” (нигаред ба расми 3.2) довталаб чунин маълумотро дар бораи худ бояд пешниҳод намояд: насаб, ном ва номи падар (тибқи шиноснома), санаи таваллуд, ҷинс, миллат, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (силсила ва рақам, оғоз ва анҷоми эътибор, мақомоти ҳуҷҷатдода), суроғаи ҷойи зист (аз рӯйи шиноснома) бо дарназардошти кишвар ва шаҳру ноҳияи зист, рақами телефонҳои мобилӣ ва хона (ё мобилии дуюм).

 

 Расми 3.2. Бахши “Маълумоти шахсӣ” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”

       Бахши “Маълумот дар бораи таҳсилот” (нигаред ба расми 3.3) барои ворид кардани чунин маълумот пешбинӣ шудааст: макони ҷойгиршавӣ (шаҳр ё ноҳия)-и муассисаи таълимие, ки довталаб хамткунанда ё хатмкардаи он аст, ному рақами ин муассисаи таълимӣ ва забони таҳсил дар он, намуди ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (маълумотнома барои хатмкунандагон ё аттестат/диплом барои хатмкардагон) ва силсилаю рақами он, мақомот (муассисаи таълимӣ)-е, ки дар бораи таҳсилот ин ҳуҷҷатро додааст, санаи додани ҳуҷҷат ва соли хатм.

Расми 3.2. Бахши “Маълумот дар бораи таҳсилот” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”

Бахши “Маълумот дар бораи таҳсилот” (нигаред ба расми 3.3) барои ворид кардани чунин маълумот пешбинӣ шудааст: макони ҷойгиршавӣ (шаҳр ё ноҳия)-и муассисаи таълимие, ки довталаб хамткунанда ё хатмкардаи он аст, ному рақами ин муассисаи таълимӣ ва забони таҳсил дар он, намуди ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (маълумотнома барои хатмкунандагон ё аттестат/диплом барои хатмкардагон) ва силсилаю рақами он, мақомот (муассисаи таълимӣ)-е, ки дар бораи таҳсилот ин ҳуҷҷатро додааст, санаи додани ҳуҷҷат ва соли хатм.

Расми 3.3. Бахши “Маълумот дар бораи таҳсилот” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”

Бо истифода аз бахши “Интихоби ихтисосҳо” (нигаред ба расми 3.4) довталаб гурӯҳи ихтисосҳо ва дар доираи он то 12 комбинатсияи ихтисосҳои барояш писандро, ки интихоб кардааст, аз рӯйи бартарияшон дар рӯйхат ба низом ворид мекунад. Дар ин бахш довталаб дар аввал гурӯҳи ихтисосҳоро интихоб мекунад. Дар сурати интихоб шудани гурӯҳи ихтисосҳои 2‑юм – “Иқтисод ва география” ё 3-юм – “Филология, педагогика ва санъат” ва ё 4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”, ки супоридани имтиҳонро аз субтести забони хориҷӣ талаб мекунанд, дар майдони “Имтиҳон аз забони хориҷӣ” довталаб яке аз забонҳои хориҷии муқарраргардида (англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ)-ро бояд нишон диҳад. Сипас дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобшуда довталаб комбинатсияҳои ихтисосҳои барояш писандро бо нишон додани рамз ва номи ихтисос, муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ, шакл ва намуди таҳсил интихоб мекунад. Таъкид месозем, ки маълумот дар бораи мавҷудияти забони таҳсил дар комбинатсияи ихтисоси интихобгардида ба таври худкор аз ҷониби низом нишон дода мешавад. Дар ин бахш довталаб вобаста ба комбинатсияҳои ихтисосҳо метавонад амалҳои зеринро иҷро намояд:

- ворид (илова) кардан комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ба рӯйхат тавассути тугмачаи аломати “ҷамъ” (). Дар ин амал ба рӯйхат ворид кардани то 12 комбинатсияи ихтисосҳо имконпазир аст;

- нест (тоза) кардани комбинатсияи ихтисосҳо аз рӯйхат ба воситаи тугмачаи аломати “тарҳ” ();

- иваз кардани бартарӣ (тартиби ҷойгиршавӣ)-и комбинатсияҳои ихтисосҳо дар рӯйхат тавассути тугмачаҳои тирхати “ба боло” ()  ё “ба поён”  ().

Инчунин, дар ин бахш довталаб барои қисми А ё Б чунин маълумот – забони имтиҳонсупорӣ, макони имтиҳонсупорӣ (барои қисми В низ, агар ихтисосҳои интихобкардааш супоридани ин қисмро талаб кунанд) ва макони фиристодани даъватномаро ба низом дохил мекунад.

 

Расми 3.4. Бахши “Интихоби ихтисосҳо” дар хизматрасонии “Пешномнависӣ”

Баъди бомуваффақият дохил кардани маълумоти пешномнависӣ ва сабти он, ки бо пахши тугмаи “Фиристодан” амалӣ мешавад, хизматрасонии номбурда барои довталаб рақами инфиродӣ (масалан, CBCA-43456) сохта, онро ба телефони мобилӣ ё почтаи электронии ӯ мефиристад.

Баъдан довталабро зарур аст, ки барои расман аз қайд гузаштан дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, рақами инфиродии дар пешномнависӣ дастраскардаашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд. Бақайдгиранда дурустии маълумоти тавассути ин хизматрасонӣ воридкардаи довталабро дар муқоиса бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ӯ санҷида, агар зарур бошад, онро дар мувофиқат бо довталаб тағйир медиҳад. Амалҳои минбаъда (расми довталаб ва изи ангушти ӯро гирифтан ва ғайра) тибқи тартиби муқарраргардидаи бақайдгирии довталабон сурат мегирад.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ
  • Озмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон