Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1085
Душанбе, 22-юми феврали соли 2016
Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 расонида мешавад, ки рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста аз шаҳру ноҳияҳо дар соли 2016 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани довталабон дар 26 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 28 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирии довталабон аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғоз мегардад ва ҳар хоҳишманд имкон дорад, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояш наздик аз қайд гузарад.
- Диданд: 810
Душанбе, 17-уми феврали соли 2016
Бо мақсади баррасии масъалаҳои омодагӣ ба давраи бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016, корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар бораи низоми имтиҳонҳои мазкур ва андешидани чораҳои зарурӣ барои дар сатҳи баланд доир кардани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10‑уми феврали соли 2016 вохӯрии кормандон бо ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз доир гардид.
- Диданд: 1116
Душанбе, 8-уми феврали соли 2016
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 аз 8-ум то 23-юми феврали соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар семинари мазкур ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 237 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки аз ин шумора 224 нафарашон ба иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд. Хотиррасон менамоем, ки семинари мазкур дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир мегардад.
- Диданд: 940
Душанбе, 1-уми феврали соли 2016
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ – ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор ташкил мекунанд. Курси мазкур аз рӯйи маводи иттилоотиву методии омодакардаи Марказ: дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” ва “Барнома ва модули курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ”, ки ба тамоми муассисаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим карда шудаанд, гузаронида мешавад. Инчунин, дар баробари маводи иттилоотии зикргардида, ба муассисаҳои таълимӣ Маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест ва диск (намунаи электорнии маводи лозима) тақсим карда шудааст.
- Диданд: 2439
Душанбе, 1-уми феврали соли 2016
Тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон дар ҳамкории Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |