Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1178
Душанбе, 8-уми феврали соли 2016
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 аз 8-ум то 23-юми феврали соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар семинари мазкур ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 237 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки аз ин шумора 224 нафарашон ба иштирок дар семинари мазкур роҳ ёфтанд. Хотиррасон менамоем, ки семинари мазкур дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир мегардад.
- Диданд: 1023
Душанбе, 1-уми феврали соли 2016
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ – ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор ташкил мекунанд. Курси мазкур аз рӯйи маводи иттилоотиву методии омодакардаи Марказ: дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” ва “Барнома ва модули курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ”, ки ба тамоми муассисаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим карда шудаанд, гузаронида мешавад. Инчунин, дар баробари маводи иттилоотии зикргардида, ба муассисаҳои таълимӣ Маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест ва диск (намунаи электорнии маводи лозима) тақсим карда шудааст.
- Диданд: 2539
Душанбе, 1-уми феврали соли 2016
Тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон дар ҳамкории Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
- Диданд: 976
Душанбе, 29-уми январи соли 2016
Бо ибтикори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 – уми январи соли 2016 дар маҷлисгоҳи Марказ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдаки 192) бо иштироки намояндагони масъули Марказ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон, намояндагони ваколатдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва дигар намояндагони муассисаҳои таълимии мазкур мизи мудаввар доир гардид. Дар ҷамъомад низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, инчунин ҳамкории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ гардид.
- Диданд: 1054
Душанбе, 27-уми январи соли 2016
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 29-уми январи соли 2016 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдаки 192 соати 09:00) бо иштироки намояндагони ваколатдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, мизи мудаввар доир ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гузаронида мешавад.
Телефонҳо барои тамос: 224-53-66, 224-53-68
Эълонҳо
Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври дуюм)
Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
Роҳнамои довталаб – 2025
Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
ТАҚВИМИ ИМД – 2025
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |