Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2025
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 984
МУРОҶИАТНОМАИ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи натиҷаҳои таҳлили давраи асосии бақайдгирӣ
Душанбе, 21-уми апрели соли 2015
Чи тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2015 иттилоъ доранд, давраи асосии бақайдгирии довталабон 15‑уми апрел ба охир расида буд. Бояд қайд намуд, ки Марказ маълумоти омории бақайдгириро дар чор шакл: вобаста ба шаҳру ноҳияҳо; интихоби муассисаҳои таълимӣ; дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ва интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ таҳия карда, мунтазам дар сомонаи худ ҷойгир менамояд.
- Диданд: 871
Душанбе, 15-уми апрели соли 2015
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад!
Азнавбақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсияшонро доранд, аз 16‑уми апрел оғоз гардида, то 30‑юми апрел идома меёбад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он аз қайд гузаштаанд, ҳозир шаванд.
- Диданд: 1026
Натиҷаҳои олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ
Душанбе, 8-уми апрели соли 2015
Рӯзи 4-уми апрели соли 2015 дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур дониши иштирокдорон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон) санҷида шуд.
- Диданд: 857
Душанбе, 3-юми апрели соли 2015
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад!
Аз 16-уми апрели соли ҷорӣ азнавбақайдгирии довталабоне шурӯъ мешавад, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия ё маълумоти шахсии худро доранд. Азнавбақайдгирӣ то 30-юми апрел идома ёфта, барои он довталаби хоҳишманд ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро ба нуқтаи бақайдгирие бояд пешниҳод намояд, ки қаблан дар он ба қайд гирифта шудааст. Довталабоне, ки дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, барои муайян кардани макони ҷойгиршавии нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ барои чунин нафарон бо телефонҳои хатти мустақим (224-53-66, 224-53-67, 224-53-68) бояд дар тамос шаванд.
- Диданд: 1041
Душанбе, 27-уми марти соли 2015
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад!
Баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрели соли 2015 ва аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрели соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.
Олимпиадаи мазкур дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор хоҳад шуд.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |