Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

Эълон

Нашр шуд: 08 Апрели 2015
Диданд: 1341

Натиҷаҳои олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ

 

Душанбе, 8-уми апрели соли 2015

Рӯзи 4-уми апрели соли 2015 дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур дониши иштирокдорон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон) санҷида шуд.

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 03 Апрели 2015
Диданд: 1199

Душанбе, 3-юми апрели соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад!

Аз 16-уми апрели соли ҷорӣ азнавбақайдгирии довталабоне шурӯъ мешавад, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия ё маълумоти шахсии худро доранд. Азнавбақайдгирӣ то 30-юми апрел идома ёфта, барои он довталаби хоҳишманд ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро ба нуқтаи бақайдгирие бояд пешниҳод намояд, ки қаблан дар он ба қайд гирифта шудааст. Довталабоне, ки дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, барои муайян кардани макони ҷойгиршавии нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ барои чунин нафарон бо телефонҳои хатти мустақим (224-53-66, 224-53-67, 224-53-68) бояд дар тамос шаванд.

Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон

Нашр шуд: 27 Марти 2015
Диданд: 1355

Душанбе, 27-уми марти соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад!

Баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрели соли 2015 ва аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрели соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.

Олимпиадаи мазкур дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор хоҳад шуд.

Эълон

Нашр шуд: 19 Марти 2015
Диданд: 1460

Душанбе, 19-уми марти соли 2015

Ба диққати довталабон!

Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2015 тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Вобаста ба ин, тасвия медиҳем, ки аз ҳуқуқи ба шумо додашуда истифода карда, 12 ихтисосро интихоб намоед. Зеро ин имконияти дар озмуни тақсимот муваффақ гардидани довталабонеро, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо соҳиб мегарданд, афзун мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ довталаб метавонад то 12 ихтисосро интихоб намояд. Интихоби пешакии забони таҳсил бекор карда шудааст. Дар сурати интихоб кардани 12 ихтисос ва мавҷуд будани якчанд забони таҳсил дар онҳо имконияти дар озмуни тақсимот муваффақ гардидани довталабон боз ҳам меафзояд.

Муроҷиатномаи махсус

Нашр шуд: 16 Марти 2015
Диданд: 1194

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба пешгирии амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи

дохилшавӣ – 2015

Душанбе, 16-уми марти соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон, падару модарони онҳо ва тамоми алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро огоҳ менамояд, ки ба монанди соли гузашта тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур  ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. Мутмаин бошед, ки имкони дахолати беруна ва тақаллуб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ниятҳои нопок ва амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад.

  1. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2015
  2. Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2015

Саҳифаи 155 аз 176

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 150
  • 151
  • 152
  • 153
  • ...
  • 155
  • 156
  • 157
  • 158
  • 159
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон