Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

Ба диққати довталабон!

Нашр шуд: 01 Апрели 2014
Диданд: 1376

Шурӯъ аз 1 уми апрели соли ҷорӣ воридшавӣ ба кабинети инфиродии довталаб дастраст гашт.

Барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ аввал сомонаи Марказро кушода, дар он ба қисмати “Кабинети инфиродӣ” гузаштан лозим аст. Дар равзанаи пайдошаванда дар майдони “Номи корбар” рақами назоратӣ ва дар майдони “Рамз” рамзи муваққатии худро барои истифодаи кабинети инфиродӣ бояд ворид кунед. 

Рақами назоратӣ ва рамзи муваққатиро метавон аз “Варақаи бақайдгирии довталаб” дастрас кард, ки он дар рӯзи сабтином шавӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ дода мешавад.

Ҳангоми бори нахуст ворид шудан ба кабинети инфиродӣ система иваз кардани рамзро талаб мекунад, ки онро бояд иҷро кард.

Таъсиси нуқтаҳои нави бақайдгирӣ

Нашр шуд: 31 Марти 2014
Диданд: 1302

Ахиран Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нуқтаи иловагии сайёрро барои сабти довлатабони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ноҳияҳои кӯҳистонии Айнӣ ва Тавилдара ташкил кард.

Бояд гуфт, ки Марказ бо таваҷҷуҳ ба шароити душвори навоҳии кӯҳистонӣ дар ин манотиқ нуқтаҳои сайёр ифтитоҳ кардааст, ки нуқтаҳои мазкур ҳар кадом аз ду истгоҳ иборатанд.

Ғайр аз ин, бо таваҷҷуҳ ба имкони афзоиш ва коҳиши довталабон дар маҳаллоти ҷудогона, нуқтаҳои сайёр мумкин аст дар оянда аз як маҳал ба дигар низ кӯч додашаванд.

Марҳилаи бақайдгирии довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз 1 март оғоз шуда то 15 апрел идома хоҳад дошт.

Бояд қайд кард, ки то 31 марти соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор нафар аз довталабон сабтином шудаанд.

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 28 Марти 2014
Диданд: 1245

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 02 апрели соли 2014 соати 09:00 дар маҷлисгоҳи ММТНПҶТ мизи мудаввар оид ба имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат бо иштироки намояндагони масъули муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ИЭМ қабул менамоянд, гузаронида мешавад.

Бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 09:00

Телефон барои тамос: 985-15-44-43

ЭЪЛОН: Озмуни кормандони муваққатӣ

Нашр шуд: 27 Марти 2014
Диданд: 1305

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ЭЪЛОН

Интихоби тренерон  оид ба гузаронидани

семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатӣ

             Мансаб:                              тренерон (40 вазифа)

             Иҷрои вазифа:                 аз 2 то 5 ҳафта (аз 19 май то 18 июн бо имкони тамдид).

 

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 12 нафар,  н. Рашт – 2 нафар, ш. Қурғонтеппа – 4 нафар, н. Шаҳритуз – 2 нафар,  ш. Кӯлоб – 4 нафар, н. Данғара – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 4 нафар,  Б. Ғафуров – 4 нафар,     ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Истаравшан – 2 нафар,  ш. Хоруғ – 2 нафар.

Изҳори ҳамдарӣ ва тасаллият

Нашр шуд: 18 Марти 2014
Диданд: 1842

Дирӯз тамоми ҷумҳуриро хабари фоҷиабор ва нобаҳангоми дар роҳи ноҳияи Айнӣ рухдода сахт андуҳгин кард. Сад дареғ, ки духтаракони ғунчаи умедашон нав ба шукуфтанҳои фасли Наврӯзрасида ва омӯзгори рӯзгори кӯтоҳи онон бо тӯфони сарнавишт аз шохсорони умеду орзуҳо канда шуда, роҳи ҷовидониро пеш гирифтаанд.

Аммо чӣ илоҷ, ки касе пеши роҳи ин сафарро дошта натавонист.

Мо ғаму ғуссаи падару модарони ин гулғунчаҳои ношукуфтаро ва пайвандонашонро дарк мекунем.

Забони одамӣ барои тасаллият лол аст.

Худованди бахшояндаи меҳрубон рӯҳашонро шод ва ҷояшонро дар биҳишти абад гардонад. Ба падару модарон ва пайванду ошноёни онон Худо сабру тоқат диҳад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Марҳалаи бақайдгирии довталабон дар саросари кишвар
  2. Эълони имтиёзҳо

Саҳифаи 166 аз 176

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 161
  • 162
  • 163
  • ...
  • 165
  • 166
  • 167
  • 168
  • 169
  • ...
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон