Душанбе, 25-уми апрели соли 2025
Таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA 2025 (Programme for International Student Assessment) , ки аз 2-юми апрели соли 2025 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, имрӯз ба анҷом расид.
Мувофиқи нақша рӯзи охири таҳқиқоти асосӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 59-и ноҳияи Сино, № 60-и ноҳияи Сино, № 128-и ноҳияи Фирдавсӣ, № 129-и ноҳияи Фирдавсӣ, № 39-и ноҳияи Шоҳмансур, муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” дар ноҳияи Сино ва Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Бо мақсади назорати раванди таҳқиқот, ки дар муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷараён дошт, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ, роҳбари Лоиҳаи Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Штефан Зеверт, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ Айгул Казжанова, намояндаи Иттиҳоди Аврупо ва масъулони дигар аз ин муассисаи таълимӣ боздид намуданд.
Таҳқиқоти мазкур дар 160 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо иштироки 6257 таълимгиранда гузаронида шуд.
PISA таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилоти умумӣ буда, дар доираи он дониш ва малакаю маҳоратҳои хонандагони 15-солаи муассисаҳои таълимии кишварҳои гуногун дар се бахш – саводи хондан, саводи математикӣ ва саводи илмҳои табиатшиносӣ (физика, химия ва биология) арзёбӣ карда мешавад.
Мақсади асосии таҳқиқот арзёбии саводи амалкардӣ (функсионалӣ)-и мактаббачагон ва қобилияти дар амал истифода намудани дониш аст. Таҳқиқот даврӣ буда, ҳар чор сол як маротиба аз тарафи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) баргузор мегардад. Таҳқиқоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки мувофиқи созишномае, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба имзо расонидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) иштирок мекунад.