Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 19 Ноябри 2019
Диданд: 968

Душанбе, 19-уми ноябри соли 2019

15-уми ноябри соли 2019 ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна ҷаласа баргузор гардид.

ruzi-prezidentҶаласа бо сухани директори Марказ Икромӣ Х. И. кушода шуд. Мазкур дар бораи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон, қисме аз хидматҳои Сарвари кишвар сухан гуфта, аз ҷумла, қайд кард, ки тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат ва мураттабии кори мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле бузург ва арзандаи ҳар гуна ситоишу қадрдонист. Моро мебояд, ба қадри сулҳу ваҳдат ва амният дар кишварамон, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон ба даст омадаанд, бирасем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем, – таъкид кард директори Марказ.

Сипас раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна ба сухан баромада, баъди табрики ҳозирон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, гуфт, ки мансаби президентӣ аз муқаррароти конститутсионӣ аст ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳамин нукта бармеояд. Хизматҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллати тоҷик бесобиқаву бемисл аст ва номи ӯ ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат ҷовидон дар китоби таърихи миллату давлат сабт гардидааст. 15-уми апрели соли 2016 бо дарназардошти саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми ноябри ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Пиромуни ин мавзӯъ, ҳамчунин, сармутахассиси фанни таърихи Марказ Абдуллоев Р. С. маърӯза кард.

Баъдан чанде аз аҳли ҷаласа ба музокира баромада, андешаҳои хешро дар атрофи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун иди расмӣ, хизматҳои Сарвари кишвар дар рушду нумӯи мамлакат баён доштанд ва даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамбастагию ҳамдилӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи диёр баҳри рушди ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуб, ҳифзи ин сарзамин ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд саҳмгузор бошад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  дуюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври дуюм)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон