Душанбе, 29-уми январи соли 2025
29-уми январи соли 2025 даври дуюми курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Дар рафти баргузории даври дуюми курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ барои соли 2025 барои хонандагони синфҳои 9-ум ва 11-ум, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ доданд.
Тибқи нақша ин курси шиносоӣ дар 3816 муассисаи таълимӣ, ки дар онҳо хонандагони синфҳои 9-ум ва 11-ум таҳсил доранд, гузаронида мешавад. Дар ин давра зиёда аз 4000 нафар директор, омӯзгор, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Иштирокдорон дар давоми 2 рӯз тибқи барнома ва модули омӯзишӣ бо низоми ИМД ва хусусиятҳои он шинос мешаванд.
Инчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Марказ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД 2025 аз 3-юми феврал то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар даври сеюм, вохӯриҳои кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.