Душанбе, 5-уми августи соли 2025
5-уми августи соли 2025 тибқи Нақша оид ба гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677 тасдиқ гардидааст, дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишаст директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муовинони директор, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони воҳидҳои сохтории Марказ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. дар оғоз намояндагони ВАО-ро хушомадед гуфта, оид ба фаъолияти Марказ дар марҳалаҳои сипаригардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва нақшаҳои оянда ба таври мухтасар ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Намояндагони ВАО дар бораи марҳалаҳои бақайдгирӣ, раванди имтиҳонҳо, тартиб ва муҳлатҳои баргузории озмунҳои тақсимоти такрориву иловагӣ, ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, гурӯҳи довталабони имтиёздор, гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобу каминтихоб, ҳолату омилҳои паст ва баланд гардидани бали гузариш, довталабони гирифтори бемориҳои муайян, ки ҳуқуқи қабул шуданро аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб надоранд, ҳамкориҳои Марказ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти Марказ ба онҳо посух гуфтанд.
Ҷаъфарзода С. Ф. дар анҷом ба намояндагони ВАО барои иштироки фаъолона дар нишаст ва ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.