Душанбе, 10-уми июни соли 2025
Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025, ки худро дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 3-юми март то 2-юми май) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур оғоз гардид.
Давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2025 дар нуқтаҳои бақайдгире, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, аз 10-ум то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад.
Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо аз 10-ум то 30-юми июн нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд
Р/т |
Муассисае, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
|
|
Шаҳри Душанбе |
||
1. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
Беморхонаи «Қаряи боло», Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» |
2. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
Саристгоҳи роҳи оҳан, рӯбарӯи маркази савдои «Ёқут-2000» |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||
3. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 |
Маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм) |
|
Вилояти Суғд |
||
4. |
Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов, маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) |
5. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов |
шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
Маркази шаҳр (дар муқобили бозори либосӣ) |
|
Вилояти Хатлон |
||
6. |
Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4, бозори марказӣ, |
7. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯи боғи фарҳангӣ) |
8. |
Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
Шуъбаи маориф |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||
9. |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 28 |
Бинои ҳукумати вилоят |
Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД 2025 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии дар боло нишондода бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат кунанд:
1) ҳуҷҷатҳои умумӣ:
Р/т |
Навъи ҳуҷҷат |
Номи ҳуҷҷат |
Гурӯҳи шахсоне, ки ҳуҷҷатро бояд пешниҳод кунанд |
1 |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият |
Шиносномаи миллӣ ва нусхаи он ё маълумотнома бо акс ва муҳр аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он |
Шахсони ба синни 16 расида |
Шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо |
Шахсони ба синни 16 нарасида |
||
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шиносномаи мазкур ва маълумотнома аз ҷойи зист бо акс ва муҳр |
барои шахсони хоҳишманди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоштае, ки шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд |
||
Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ ё ҳуҷҷати дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аст (бо нусхааш) ва маълумотнома аз ҷойи зист бо акс ва муҳр |
Шаҳрвандони хориҷии ба синни 16 расида |
||
2 |
Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот |
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан |
Шахсоне, ки дар синфи 9-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ таҳсил мекунанд |
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан |
Шахсоне, ки дар синфи 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил мекунанд |
||
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан |
Шахсони хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ |
||
Маълумотнома (бо акс ва муҳр) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан |
Шахсони хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ |
||
Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки синфи 9-умро хатм кардаанд |
||
Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки синфи 11-умро хатм кардаанд |
||
Диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд |
||
Диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд |
||
3 |
Баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ |
Шаҳодатнома дар бораи эътироф ва (ё) муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилоти давлати хориҷӣ ва нусхаи он |
Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва ё миёнаи касбиро дар давлатҳои хориҷӣ хатм намудаанд* |
4 |
Пардохти маблағи хизматрасонӣ |
Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ё ҶСК «Бонки Эсхата», ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл» ё «Эсхата онлайн» |
Ҳамаи довталабон, ба истиснои онҳое, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озоданд |
5 |
Имтиёзҳо |
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад) |
Шахсоне, ки барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ ҳуқуқ доранд |
*талаботи мазкур ба ҳуҷҷатҳои зинаи дахлдори таҳсилоти давлатҳои хориҷие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дуҷониба ё бисёрҷониба дар бораи эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилотро надоранд, тааллуқ дорад.
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои гирифтани балҳои иловагӣ ва (ё) имтиёзҳо дар пардохти маблағи хизматрасонӣ (агар дошта бошад):
Р/т |
Гурӯҳи довталабони имтиёздор |
Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда |
Намуди нусха |
|
1 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падари шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатномаи вафоти модари шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон вафот кардааст |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модари шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар |
асл/нусха |
||
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
1) |
қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани шахси хоҳишманд |
нусха |
2) |
ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст, аз ҷумла ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳои шахси хоҳишманд аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоибшуда эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модари шахси хоҳишманд, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модари шахси хоҳишманд, саркашӣ кардани падару модари шахси хоҳишманд аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва нусхаи ин ҳуҷҷат |
нусха |
||
3) |
маълумотнома бо муҳр дар бораи бепарастор будани шахси хоҳишманд аз мақомоти мазкур |
асл |
||
4) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модар (агар падар ё модари шахси хоҳишманд вафот карда бошад) |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
5) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
6) |
маълумотнома дар бораи ҳайати оила аз ҷойи истиқомат (агар шахси хоҳишманд дар ҷойи зисти хешованди наздикаш ба қайд гирифта шуда бошад ё дар қайди мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор набошад) |
асл |
||
4 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
1) |
маълумотнома дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани довталаб |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модари шахси хоҳишманд |
нусха |
||
3) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
5 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо доранд |
1) |
маълумотнома дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар |
асл/нусха |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
6 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
1) |
маълумотнома дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
маълумотномаҳо дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падару модари шахси хоҳишманд |
нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
7 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
1) |
маълумотномаи дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
маълумотномаи дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар |
асл/нусха |
||
4) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
8 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
1) |
маълумотномаҳо дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падару модари шахси хоҳишманд |
нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
9 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
1) |
маълумотнома дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари танҳои шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар |
асл/нусха |
||
3) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
10 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт мебошанд |
1) |
маълумотнома дар бораи кӯдаки маъюб ё маъюби гурӯҳи I ё II будани шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
11 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
1) |
маълумотнома дар бораи маъюби гурӯҳи I ё II будани падар ё модари шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
12 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модар |
нусха |
2) |
шаҳодатнома дар бораи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
13 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо доранд |
1) |
маълумотнома аз шуъба/бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи муқаррар нашудани падарӣ* ё ҳуҷҷати дигари марбут ба модар |
асл/нусха |
2) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусха |
||
14 |
Фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд |
1) |
шаҳодатномаи вафоти падар ё модар |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
2) |
маълумотнома аз мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидан ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидани хизматчии ҳарбӣ |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда |
||
3) |
шаҳодатномаи таваллуди шахси хоҳишманд |
нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда
|
||
15 |
Шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда |
1) |
билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ |
нусха |
16 |
Шахсоне, ки дар соҳаи санъат ва фарҳанг дастовард доранд |
1) |
ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғолибияти шахси хоҳишманд дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг |
нусха |
17 |
Шахсоне, ки дар соҳаи варзиш дастовард доранд |
1) |
шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани шахси хоҳишманд |
нусха |
* тибқи замимаи 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2010, №77 «Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»;
Довталабоне, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо давраи дуюми бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 3-юми март то 2-юми май) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, давраи дуюми азнавбақайдгирӣ аз 10-уми июн оғоз ва то 30-юми июн давом меёбад. Давраи дуюми азнавбақайдгирии ин довталабон низ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт сурат мегирад. Довталабони мазкур барои азнавбақайдгирӣ метавонанд ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.
Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ;
- рақами расид (квитансия) аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё ҶСК «Бонки Эсхата», ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл» ё «Эсхата онлайн» оид ба пардохти маблағи хизматрасонии дахлдор.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10 ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар давраи дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30 юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ месупоранд. Соли ҷорӣ даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) 12-уми июл дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар ва Кӯлоб баргузор карда мешавад. Аз ин лиҳоз, довталабони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ барои имтиҳонсупорӣ яке аз ин шаҳрҳоро интихоб карда метавонанд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоташ бо дар назар доштани ҳар яке аз давраҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур ва азнавбақайдгирӣ барои ворид кардани тағйирот ба интихоби аввала ва (ё) маълумоти шахсӣ чунин муқаррар гардидааст:
1. Бақайдгирии довталабон (шахсони якум маротиба номнависшаванда) барои иштирок дар ИМД 2025, инчунин азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 3‑юми март то 2-юми май) номнавис карда шудаанд.
№ р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ |
шахсони до-рои таҳсило-ти умумии асосӣ (синфи 9-ум) |
||
1 |
Довталабони беимтиёз |
370,00 |
320,00 |
2 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон солим ва дар қайди ҳаёт мебошанд |
185,00 |
160,00 |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
185,00 |
160,00 |
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
185,00 |
160,00 |
5 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо* доранд |
185,00 |
160,00 |
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
-** |
-** |
7 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст |
-** |
-** |
8 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-** |
-** |
9 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
-** |
-** |
10 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд |
-** |
-** |
11 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
12 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
13 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
-** |
-** |
14 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
-** |
-** |
2. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) номнавис карда мешаванд**.
№ р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ |
шахсони до-рои таҳсило-ти умумии асосӣ (синфи 9-ум) |
||
1 |
Довталабони беимтиёз |
30,00 |
30,00 |
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
-** |
-** |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст |
-** |
-** |
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳон-ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-** |
-** |
5 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
-** |
-** |
6 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд |
-** |
-** |
7 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
8 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
-** |
9 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
-** |
-** |
10 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
-** |
-** |
Эзоҳ:
* падар ё модари танҳо шахсест, ки бинобар маҳдуд ё маҳрум карда шудани падар ё модар аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падар ё модар, ғайри қобили амал дониста шудани падар ё модар, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падар ё модар, муқаррар карда нашудани падарӣ танҳо мондааст;
** ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 2025 озоданд.
Таваҷҷуҳ! Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.
Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ё ҶСК «Бонки Эсхата», инчунин воситаҳои электронӣ пардохтан мумкин аст.
Вобаста ба ин, шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД 2025 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.
Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи «Амонат мобайл» воридшавӣ ба равзанаи пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД аз қадамҳо – интихоби бандҳои зерини меню иборат аст:
1) агар забони робит (интерфейс)-и барнома тоҷикӣ бошад:
«Корт» ё «Ҳамёни электронӣ» → «Пардохт кардан» → «Пардохти хизматрасониҳо» → «Таҳсил» → «Маркази миллии тестӣ»;
2) агар забони робит (интерфейс)-и барнома русӣ бошад:
«Карта» ё «Электронный кошелёк» → «Оплатить» → «Оплата услуг» → «Образование» → «Маркази миллии тестӣ».
Равзанаи пайдошуда («Маркази миллии тестӣ») аз 3 майдон – (1) «Ному насаби довталаб» («ФИО абитуриента»), (2) «Рақами телефон» («Номер телефона») ва (3) «Маблағ» («Сумма»), ки дар ҳар яке аз онҳо бояд маълумоти дахлдор ворид карда шавад, инчунин 1 тугма – «Пардохт кардан» («Оплатить») иборат аст.
Дар майдони 1-ум насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.
Дар майдони 2-юм рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.
Дар майдони 3-юм андозаи маблағи пардохтшаванда ворид карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки баъд аз ворид кардани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони «Ному насаби довталаб» зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – «Маблағ барои синфи 11 – 370с. (имтиёздорон: 185с.), синфи 9 – 320с. (имтиёздорон: 160с.), азнавбақайдгирӣ – 30с.» («Плата для 11 класса – 370с. (льготники: 185с.), 9 класса – 320с. (льготники: 160с.), перерегистрации – 30с.»), ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад.
Таваҷҷуҳ! Ворид кардани маълумот дар ҳар се майдони зикргардида ҳатмӣ аст. Ҳангоми ворид кардани андозаи маблағ бодиққат будан лозим аст ва он бояд бо дарназардошти зинаи таҳсилоти довталаб, инчунин мансубияти довталаб ба гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта (агар довталаб чунин имтиёзро дошта бошад) ворид карда шавад. Агар довталаб дар бораи мансуб буданаш ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.
Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ дар ҳар яке аз майдонҳои дахлдор бори дигар дурустии онро санҷида, баъдан тугмаи «Пардохт кардан» («Оплатить»)-ро пахш кардан лозим аст.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.