Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
      • БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ
      • Ҳисоботи миллӣ PISA-2025
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ОҒОЗ ГАРДИД

Нашр шуд: 19 Октябри 2026
Диданд: 1433

Душанбе, 19-уми октябри соли 2026

Рӯзи 19-уми октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. 

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба рушди тафаккури илмӣ, тақвияти завқи омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, риёзӣ ва техникӣ, дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди қобилияти таҳқиқотию ихтироъкорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, муҳандисиву техникӣ равона шудааст.

    Даври сеюми озмуни мазкур аз 14-ум то 17-уми сентябри соли 2026 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор гузаронида шуд, ки дар он ҳамагӣ 4482 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳо 700 нафар ғолиб гардиданд ва ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

   Дар дарвараи ниҳоии озмун 700 нафар довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои давраи сеюм сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, иштирок хоҳанд кард, ки аз ин шумора 244 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии навъи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.

Бояд гуфт, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябри соли 2026 идома хоҳад кард.

          Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ду қисм иборат буда, қисми аввали он тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми дуюм бо иштироки ҳайати ҳакамон баргузор мегардад.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва адолат дар арзёбӣ, соли равон холгузорӣ дар озмун пурра ба таври рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи холҳои бадастовардаи ҳар як иштирокдор фавран пас аз анҷоми иштирок дар қисми дахлдори озмун тавассути экран нишон дода мешавад. Ин тартиб имкон медиҳад, ки раванди арзёбӣ шаффоф ва натиҷаҳо барои иштирокдорон дастрас бошанд.

Тавассути низоми электронӣ холҳои довталабон сабт ва ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои арзёбӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида муайян карда мешаванд. Ин раванд ба коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ ва пешгирии тағйироти беасос дар натиҷаҳои арзёбӣ мусоидат менамояд.

Озмуни мазкур имконияти арзишманд барои муаррифии дониш, истеъдод ва қобилияти илмии иштирокдорон буда, ба ташаккули насли донишманду эҷодкор ва рушди неруи зеҳнии кишвар мусоидат менамояд.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои ПрезидентӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои Президентӣ
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Пешгирии ҷавонон аз дохилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ

Дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ ва ҳифзи наслҳои оянда...

 

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

   

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон