Душанбе, 12-уми августи соли 2025
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мерасонад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2025, № 319 номи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб” ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон” тағйир дода шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки ин тағйирот дар пойгоҳи додаҳои Марказ моҳи сентябри соли равон – дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2025 ворид карда мешавад. Вобаста ба ин, номи муассисаи мазкур дар маводду матлабҳои минбаъдаи Марказ ҳамчун Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон” пешниҳод мегардад.