Душанбе, 26-уми октябри соли 2026
26-уми октябри соли 2026 натиҷаҳои имтиҳонҳои озмуни дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026, ки дар он хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд, эълон карда шуд.
Маълумот мухтасар дар бораи натиҷаи ин имтиҳонҳо ба ҳар як довталаб тавассути паёмак (SMS) фиристода шуд.Шакли паёмак (SMS) чунин буд: “Рақами ID: ****. Натиҷаи имтиҳонҳо: D1-6; D2-1; D3-1; D4-0; D5-2; D6-4; D7-8. Маълумоти муфассал: http://testresult:5050/Results?token=testtoken”
ҶАДВАЛИ ШАРҲИ ИХТИСОРҲО
|
Синфи / ЛКТ/коллеҷҳо |
D1 |
D2 |
D3 |
D4 |
D5 |
D6 |
D7 |
|
5 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Табиатшиносӣ |
Забони русӣ |
Забони хориҷӣ (англисӣ) |
- |
- |
|
6 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Табиатшиносӣ |
Забони русӣ |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
- |
- |
|
7 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Ботаника |
Технологияи иттилоотӣ |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
- |
- |
|
8 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Технологияи иттилоотӣ |
Ботаника |
География |
Таърих |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
|
9 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Технологияи иттилоотӣ |
Зоология |
География |
Физика |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
|
10 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Технологияи иттилоотӣ |
Биология |
Химия |
Физика |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
|
11 |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Технологияи иттилоотӣ |
Биология |
Химия |
Физика |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
|
ЛКТ/коллеҷҳо |
Забони тоҷикӣ |
Математика |
Технологияи иттилоотӣ |
Биология |
Химия |
Физика |
Забони хориҷӣ англисӣ) |
Ҳар довталаб ҳуқуқи пешниҳоди аризаи апеллятсиониро дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташударо дорад. Бояд гуфт, ки барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ шартҳо муқаррар гардидаанд.
Бораи гирифтани маълумоти муфассал доир ба талабот ва шартҳои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 27-ум то 30‑юми октябри соли 2026 нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ ва тартиби пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ маълумот гиранд.
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
- 1. Душанбе– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ);
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73.
- 2. Хоруғ– бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-28-00-55, 501-08-35-54.
- 3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);
- телефон: 926-44-11-48.
- 4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);
- телефон: 871-25-09-09.
- 5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);
- телефон: 888-88-03-08, 777-07-77-26.
- 6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);
- телефон: 918-57-90-77.
- 7. Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:
- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.
- 8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30, 93-522-62-27.





