Душанбе, 5-уми сентябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯзи якшанбе (6-уми сентябри соли 2026) фаъолият мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар карда шудааст.
Ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ин даври имтиҳонҳо тавсия медиҳем, ки барои номнависӣ аз ин рӯзи истироҳат истифода намоянд, зеро маъмулан дар ин рӯз дар нуқтаҳои бақайдгирӣ теъдоди довталабон кам аст. Ҳамзамон тавсия медиҳем, ки шахсони хоҳишманд маблағи хизматрасониро имрӯз пардохт намоянд.
Ёдовар мешавем, ки то анҷоми муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон, ки 10-уми сентябр муқаррар гардидааст, ҳамагӣ 4 рӯз мондааст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.
Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ ва рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ барои сабти номи довталабон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми ИМД 2026
|
Рақами НДБ |
Муассиса/сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад |
Муҳлати фаъолият |
|||
|
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
|||
|
Шаҳри Душанбе |
|||||
|
1 |
01/01 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 |
хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ) |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
2 |
01/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
беморхонаи “Қаряи боло” |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
3 |
01/03 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61 |
бозори “Саховат”, паси тарабхонаи “Суғдиён” |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
4 |
01/04 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан) |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
5 |
01/05 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 189 |
чорроҳаи истгоҳи “Водонасос” |
аз 03.09.2026 то 10.09.2026 |
|
6 |
01/06 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 56 |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, 67а |
бозорчаи “Дӯстӣ” |
аз 04.09.2026 то 10.09.2026 |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
|||||
|
7 |
01/07 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 |
маркази ноҳия |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
Вилояти Суғд |
|||||
|
8 |
02/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат), МТМУ № 2 |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
9 |
02/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри шаҳри Панҷакент |
шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримови |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
Вилояти Хатлон |
|||||
|
10 |
03/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминови шаҳри Бохтар |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминови шаҳри Бохтар |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминови шаҳри Бохтар |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
11 |
03/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Д. Назарови |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
12 |
03/03 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
боғи фарҳангӣ |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
13 |
03/04 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
шуъбаи маориф |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
|||||
|
14 |
04/01 |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 |
ҳукумати вилоят |
аз 29.08.2026 то 10.09.2026 |





