Душанбе, 9-уми январи соли 2026
9-уми январи соли 2026 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти Марказ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони ифтитоҳии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз шуд.
Сипас ҳисоботи директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ, нашри маводди иттилоотию методӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути ИМД ба роҳ монда мешавад, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2025 (дар чор давра), ташкилу баргузории ИМД 2025, тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, озмунҳо барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», инчунин бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, таҳияи саволномаҳо барои озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиҳонҳои озмоишӣ барои хонандагони синфҳои 11-ум, арзёбиҳои байналмилалии таҳсилот – PISA, PIRLS ва ғайра ва умуман, оид ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Марказ ва дастоварду мушкилоти ҷойдошта дар соли 2025 шунида шуд.
Дар бахши музокирот сардорони воҳидҳои сохтории Марказ дар бораи самтҳои фаъолияти кории худ суханронӣ намуда, ҳисоботи директорро оид ба ҷамъбасти фаъолияти Марказ дар соли 2025 қаноатбаш ҳисобиданд.
Дар идома мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод ба натиҷаи фаъолияти Марказ баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани кори Марказ тавсия ва маслиҳатҳо дод.
Дар охири маҷлис як нафар аз ҳайати кормандони асосии Марказ бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 9 нафар аз ҷумлаи кормандони муваққатии Марказ барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳа ва таъмини адолату шафофият дар давраҳои бақайдгириву имтиҳонсупорӣ бо сипосномаи Марказ қадргузорӣ карда шуданд.

















