Душанбе, 14-уми апрели соли 2026
14-уми апрели соли 2026 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе марҳалаи асосии арзёбии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан (Progress in International Reading Literacy Study – PIRLS) оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок доштанд.
Тиқби фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоиши мазкур то 6-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад. Мувофиқи нақша ин таҳқиқот давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар 171 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи асосии 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки 6945 хонандаи сифҳои 4-уми муассисаҳои таълимии зикргардида гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии баргузории арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 муайян намудани сатҳи саводнокии хониш ва дараҷаи дарки матни хондашуда дар байни хонандагони синфҳои 4 ба ҳисоб меравад. Ин арзёбӣ имкон медиҳад, ки қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва истифодаи амалии иттилооти хондашуда ба таври объективӣ баҳо дода шавад. Ҳамзамон, он ба муайян намудани сатҳи омодагии хонандагон ба таҳсили минбаъда ва рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат менамояд. Натиҷаҳои бадастомада барои муқоисаи низоми маорифи кишвар бо стандартҳои байналмилалӣ ва муайян намудани мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ замина фароҳам меоранд. Инчунин, арзёбӣ барои такмили барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ, PIRLS 2026 ҳамчун як воситаи муҳими таҳлилӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди устувори соҳаи маориф хидмат менамояд.
Арзёбии байналмилалии PIRLS яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4-ум аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад. Ин озмоиш аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои иттилоотию маърифатӣ истифода бурда мешаванд ва хонандагонро зарур аст, ки аз рӯйи матнҳои пешниҳодшуда қобилияташонро дар фаҳмидану дарки матн нишон диҳанд.










