Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
      • БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ
      • Ҳисоботи миллӣ PISA-2025
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ИМД 2026

Нашр шуд: 25 Ноябри 2026
Диданд: 48

Душанбе, 25-уми ноябри соли 2026

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 29-уми октябр то 21-уми ноябри соли 2026) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 аз рӯйи шакли ғоибона ва фосилавии таҳсил аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои мазкур марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудааст, дар сомонаи худ ҷойгир кард.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии довталабони дар давраи чоруми номнависӣ азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо бо мақсиди таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 11 маркази имтиҳонӣ ташкил карда шудааст.

 Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродияш ҷойгир карда, инчунин дар бораи макон ва замони имтиҳонсупорӣ ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шуд. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш низ қайд шудааст. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас аст.

Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.

Таваҷҷуҳ: имтиҳонҳои даври чоруми ИМД 2026 рӯзи 29-уми ноябри соли 2026 баргузор мегардад. Вақти оғози имтиҳон соати 09:00 аст. Довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.

Бо худ даъватнома доштан барои воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ҳатмӣ нест. Кофист, ки довталаб дар бораи макон ва замони имтиҳонсупориаш маълумот дошта бошад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд бо рақамҳои 224-53-68 ва 224-53-73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шаванд.

 

РӮЙХАТИ
муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ (МИ) ташкил карда мешаванд

Р/т

Рақами МИ

Муассисае, ки дар заминаи он МИ ташкил карда мешавад

Ном

Суроға

Нуқтаи роҳнамо

(ориентир)

Шаҳри Душанбе

1

01/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

Беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”

2

01/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

Маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ”(саристгоҳи роҳи оҳан)

3

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Шаҳри Душанбе,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ,

хиёбони Рӯдакӣ, 193

Чорроҳаи ИСТВодонасос

Ноҳияи Рашт

4

01/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт

Ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

Маркази ноҳия
(шаҳраки Ғарм)

Шаҳри Хуҷанд

5

02/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимови шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

Маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

6

02/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12-ум

Тарабхонаи “Шоҳин”

Шаҳри Панҷакент

7

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Н. Каримови шаҳри Панҷакент

Шаҳри Панҷакент,

хиёбони А. Рӯдакӣ, 208

Кӯдакистони № 7

Шаҳри Бохтар

8

03/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар

Шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35

Шафати Бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ

Шаҳри Кӯлоб

9

03/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалови шаҳри Кӯлоб

Шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

Боғи фарҳангӣ

Ноҳияи Данғара

10

03/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Данғара

Ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шариф

Идораи хоҷагии ҷангал

Шаҳри Хоруғ

11

04/01

Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”

Шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11

Маркази шаҳр

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои ПрезидентӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои Президентӣ
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Пешгирии ҷавонон аз дохилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ

Дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ ва ҳифзи наслҳои оянда...

 

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

   

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон