Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

МУҲЛАТҲО ВА ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД ПАРДОХТАШУДА

Нашр шуд: 15 Майи 2026
Диданд: 144

Душанбе, 15-уми майи соли 2026

Муҳлатҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои баргардонидани маблағи ҷиҳати иштирок дар ИМД пардохташуда тибқи “Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2025, № 488 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2025, № 1345 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Р/т

Ҳолатҳое, ки маблағи барои иштирок дар ИМД пардохтшуда баргардонда мешаванд

Муҳлати пешниҳоди ариза

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда

Маблағи бозпасшаванда (МБ)

1

Агар шахсе, ки маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршударо пардохтааст, аз расид истифода накарда бошад

Бе маҳдудият

1. Ариза (шакли АБМ-1)

2. Расид ё рақами он

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2

2

Агар довталабе, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтааст, аз нав номнавис нашуда бошад

Бе маҳдудият

1. Ариза (шакли АБМ-1)

2. Расид ё рақами он

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2

3

Агар довталабе, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳо пардохтааст, ба Марказ аризаро барои иштирок дар ин давр дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод накарда бошад

Бе маҳдудият

1. Ариза (шакли АБМ-1)

2. Расид ё рақами он

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2

4

Агар довталаб аз иштирок дар ИМД даст кашад

Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 20.05.2026

1. Ариза (шакли АБМ-2)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 –Хароҷоти бақайдгирӣ3

5

Агар довталаб бо сабаби узрноки4 аз ӯ вобастанабуда дар ИМД иштирок карда натавонад

Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 31.07.2026

1. Ариза (шакли АБМ-2)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

5. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабаби узрнок

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк*

6

Агар довталаби хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш, дар ИМД иштирок карда натавонад

Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 25.06.2026

1. Ариза (шакли АБМ-2)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

5. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда (аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштан)

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Хароҷоти бақайдгирӣ3 –  Хароҷоти корҳои омодагию ташкилӣ

7

Агар довталаб, бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш, дар ИМД иштирок карда натавонад

Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 30.06.2026

1. Ариза (шакли АБМ-2)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

5. Маълумотнома дар бораи дохил шудани довталаб ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи шаҳр ё ноҳияи ҷойи истиқомат

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Хароҷоти бақайдгирӣ3 –  Хароҷоти корҳои омодагию ташкилӣ

8

Агар довталаби аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод маблағро қисман ё пурра пардохта бошад

Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 31.07.2026

1. Ариза (шакли АБМ-3)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

5. Нусхаи ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо)-и тасдиқкунандаи имтиёзи дахлдор

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2

 

Агар довталаби аз пардохти қисме аз маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод маблағро пурра пардохта бошад

Барои давраи 1-уми бақайдгирӣ – то 31.07.2026

1. Ариза (шакли АБМ-3)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

5. Нусхаи ҳуҷҷат (ҳуҷҷатҳо)-и тасдиқкунандаи имтиёзи дахлдор

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Қисми маблағ (50 %)

9

Агар довталаб аз миқдори маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршуда барзиёд пардохта бошад

Бе маҳдудият

1. Ариза (шакли АБМ-3)

2. Варақаи бақайдгирии довталаб

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

4. Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва инчунин, соҳиби расиди бонкӣ1

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2 – Маблағи муқарраршуда

10

Агар ташкилоти қарзии молиявӣ маблағро барои хизматрасониҳо дар ИМД саҳван пардохта бошад

Бе маҳдудият

1. Мактуб

2. Расиди бонкӣ

3. Забонхати шахсе, ки расид саҳван ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст

3. Нусхаи корти “Амонатбонк”

МБ = Маблағи пардохтшуда – Ҳаққи хизматрасонии Бонк2

ЭЗОҲ:

1. Агар аризаро ба ҷойи соҳиби расиди бонкӣ (довталаб) хешованди наздикаш (падар, модар, бародар, хоҳар, ҳамсар ё фарзанд) пешниҳод карданӣ бошад, дар ин ҳолат бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳиби расиди бонкӣ, яъне шахсе, ки расиди бонкӣ ба номаш ба расмият дароварда шудааст, низ замима карда шавад.

2. Ҳаққи хизматрасонии Бонк барои қабули маблағҳои хизматрасониҳои Марказ 1 % ва барои интиқоли маблағи бозпасшаванда ба шаҳрванд 0,6 % муқаррар карда шудааст. Масалан, агар довталаб бо 370 сомонӣ барои иштирок дар ИМД 2026 номнавис шуда бошад, аз ин маблағ 1 % (3,7 сомонӣ) хизматрасонии Бонк гирифта шудааст. Аз маблағи боқӣ боз 30 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ тарҳ карда мешавад. Маблағи боқӣ (336,30 сомонӣ) бо тарҳ кардани 0,6 % (2,01 сомонӣ) ҳаққи хизматрасонии Бонк барои интиқол, яъне 334,28 сомонӣ ба шахси аризадода баргардонда мешавад.

3. Агар довталаб аз нав бо мақсади иваз кардани интихобҳои аввалии худ аз қайд гузашта бошад, маблағи барои азнавбақайдгирӣ пардохтааш, ки барои ин кор аллакай харҷ гардидааст, баргардонда намешавад.

4. Аз ҷумлаи сабабҳои узрноки аз довталаб вобастанабуда бемории вазнини довталаб, ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани довталаб, ки бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ шуда бошад, ба назар гирифта мешаванд.

ТАВАҶҶУҲ! Агар маблағи барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшударо ташкилоти молиявии қарзӣ ба суратҳисоби Марказ нагузаронда бошад, маблағи пардохтшуда ба шахсе, ки аз расидаш дар имтиҳонҳои мазкур истифода кардан намехоҳад ё наметавонад, аз ҷониби ташкилоти молиявии қарзии маблағро пардохта бо бекор кардани пардохт баргардонда мешавад.

Бо “Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2025, № 488 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2025, № 1345 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/images/tartibi-bargardonudani-mablagh-03052023.pdf) шинос шудан мумкин аст.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон