Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БИНОБАР БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОХИЛ ШУДАНАШОН МАБЛАҒИ БАРОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД-2022 ПАРДОХТААШОНРО БОЗПАС ГИРИФТАН МЕХОҲАНД

Нашр шуд: 09 Июни 2022
Диданд: 1777

Душанбе, 9-уми июни соли 2022

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад: довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд, маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 пардохтаашонро бозпас гирифта метавонанд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди ариза оид ба масъалаи мазкур барои чунин довталабон то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) муқаррар гардидааст.

Вобаста ба ин, агар довталаб, бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш, дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ – бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти ин марҳала боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.

Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи муҳлат ва шартҳои пешниҳоди ариза барои баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД-2022 пардохтшуда аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=686) ва эълони  “Маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба кӣ ва дар кадом ҳолатҳо баргардонида мешавад” (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-mabla-i-baroi-khizmatrason-dar-imd-pardokhtshuda-ba-k-va-dar-kadom-olat-o-bargardonida-meshavad.html), ки дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  дуюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври дуюм)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон