Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РОҲНАМОИ ДОВТАЛАБ” ДАР СОЛИ 2025

Нашр шуд: 21 Январи 2026
Диданд: 125

Душанбе, 21-уми январи соли 2026

21-уми январи соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ-ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Роҳнамои довталаб” баргузор шуд.

Дар ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳматуллозода Мавзуна, мудири шуъбаи кор бо занони ин Кумита Сафарзода Шаҳноза ва кормандони Марказ иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони ифтитоҳии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Роҳнамои довталаб”, ҳамзамон директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба кори маҷлис оғоз бахшида, пас аз сухани ифтитоҳӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамои довталаб” дар давоми соли 2025 маърузаи ҳисоботӣ кард.

Ҷаъфарзода С. Ф. қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамои довталаб” фаъолияти худро дар соли сипаришуда дар асоси Оиннома, Барнома, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, вазифаҳояшро, бахусус дар робита ба ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб ва ҳадафҳои идеологии он муваффақона ба анҷом расонидааст. Теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз як давраи ҳисоботӣ то давраи дигар меафзояд.

Минбаъд низ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои кори хеш қарор дода, дар иҷрои вазифаҳояш саъю талош хоҳад кард, – қайд кард Ҷаъфарзода С. Ф.

Дар идома вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми декабри соли равон ироа гардида буд аз ҷониби кормандони Марказ маърузаҳо пешниҳод карда шуд.

Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳматуллозода Мавзуна аз аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Роҳнамои довталаб” ва раиси он Ҷаъфарзода С. Ф. барои фаъолияти пурсамарашон изҳори ташаккур карда, онро қаноатбахш ва гузашта аз ин, шоистаи таҳсин ва намунаи ибрати ташкилотҳои ҳизбии дигар шуморида, ҳамагонро барои ҷаҳду талошҳои бештар баҳри иҷрои ғояву аҳдофи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват кард.

Дар анҷом ду нафар аз ҷумлаи кормандони ҳайати асосии Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон