Душанбе, 29-уми октябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 аз 2-юми ноябри соли 2026 оғоз мешавад.
Барои бақайдгирии довталабон дар давраи чорум дар 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Ин нуқтаҳо аз 2-юм то 20-уми ноябри соли 2026 фаъолият мекунанд.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, ки бо мақсади иштирок дар ИМД – 2026 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 370 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.
Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ
|
Р/т |
Рақами НБ |
Ном |
Нишонӣ |
Нуқтаи роҳнамо |
|
Шаҳри Душанбе |
||||
|
1 |
01/01 |
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192 |
Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ |
||||
|
2 |
01/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 |
Шуъбаи маориф |
|
Вилояти Суғд |
||||
|
3 |
02/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд |
Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
Маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов |
|
4 |
02/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент |
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов |
|
Вилояти Хатлон |
||||
|
5 |
03/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар |
Шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 |
|
6 |
03/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб |
Шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров |
|
7 |
03/03 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун |
Ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
Шуъбаи маориф |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||||
|
8 |
04/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ |
Шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 |
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ |





