Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ОҒОЗИ КУРСҲОИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БАРОИ СОЛИ 2026

Нашр шуд: 19 Январи 2026
Диданд: 442

Душанбе, 19-уми январи соли 2026

19-уми январи соли 2026 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе курси шиносоӣ бо иштироки намояндагони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Курси мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 ва шаҳрвандон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ ва омӯзгорон дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор кард.

Дар рафти баргузории курсҳои шиносоӣ бо низоми ИМД барои соли 2026 ба намояндагони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои  шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тобеи марказ ва водии Зарафшони вилояти Суғд директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ доир ба вазифаю ҳадафҳои Марказ ва уҳдадориҳои таблиғгарони ИМД 2026 сухан гуфт.

Дар ин семинар доир ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии довталабон ва мавзуъҳои дигари дахлдор гуфтугӯҳо сурат гирифт. Ҳайати кории Марказ дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзуъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърузаҳои хурд, маводди чопию электронӣ ва ғайраро омода намудаанд.

Замони баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳи аввал барои  кормандони муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2026 вобаста ба минтақаҳо чунин муқаррар шудааст:

◘ барои таблиғгарони шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд аз 19-ум то 20-уми январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе;

◘ барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон аз 22-юм то 23-юми январи соли 2026 дар шаҳри Бохтар;

◘ барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 22-юм то 23-юми январи соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб;

◘ барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (ба истиснои водии Зарафшон) аз 22-юм то 23-юми январи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд.

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3872 нафар намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 29-ум то 30-юми январи соли 2026 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 180000 хатмкунандгони синфҳои 9-ум ва 11-уми муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзуъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Марказ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2026 аз 2-юми феврал то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон