Душанбе, 2-юми апрели соли 2025
2-юми апрели соли 2025 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои маъмурони озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан (Progress in International Reading Literacy Study – PIRLS) оғоз шуд.
Арзёбии байналмилалии PIRLS яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4-ум аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.
Иштироки хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS барои амалӣ гардонидани вазифаҳо тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 замина мегузорад.
Дар доираи корҳои омодагӣ барои баргузории озмоиши маҳаллӣ, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 264 аз 11-уми марти соли 2025 аз 2-юм то 4-уми апрели соли ҷорӣ семинарҳои омӯзишӣ барои маъмурони озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ баргузор мегарданд. Дар семинарҳои мазкур аз ҷумлаи роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ 192 нафар маъмури тест ба кор ҷалб карда шуда, давоми се рӯз оид ба мақсад ва вазифаҳои арзёбӣ, тартиби баргузории озмоиш ва омода кардани муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон дарс меомӯзанд.
Барои баргузории озмоиши маҳаллии PIRLS 2026 ҳамагӣ 42 муассисаи таълимӣ аз 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихоб карда шудаанд, ки дар он 1181 хонандаи синфи 4-ум иштирок хоҳанд кард.
Баъд аз омӯзиш иштирокдорони семинарҳоро зарур аст, ки то оғози озмоиш, ки дар давоми моҳи апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, хонандагонро омода намоянд.