Душанбе, 2-юми апрели соли 2025
2-юми апрели соли 2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA 2025 (Programme for International Student Assessment) оғоз гардид. Мувофиқи нақша ин таҳқиқот аз 2-юм то 25-уми апрели соли равон дар 160 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо иштироки 6257 хонандаю таълимгирандагони муассисаҳои таълимии зикргардида гузаронида мешавад.
PISA таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилоти умумӣ буда, дар доираи он дониш ва малакаю маҳоратҳои хонандагони 15-солаи муассисаҳои таълимии кишварҳои гуногун дар се самт – саводи хондан, саводи математикӣ ва саводи илмҳои табиатшиносӣ (физика, химия ва биология) арзёбӣ карда мешавад.
Мақсади асосии таҳқиқот арзёбии саводи амалкардӣ (функсионалӣ)-и мактаббачагон ва қобилияти дар амал истифода намудани дониш аст. Таҳқиқот даврӣ буда, ҳар чор сол як маротиба аз тарафи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) баргузор мегардад. Таҳқиқоти мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки мувофиқи созишномае, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба имзо расонидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) иштирок мекунад.
Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани ин таҳқиқот таъйин шудааст. Вобаста ба ин, тибқи талаботи барнома дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии PISA, ки корҳоро барои баргузории ин барнома анҷом дода истодааст, таъсис дода шудааст.