Душанбе, 5-уми ноябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор рӯзи ҷумъа (6-уми ноябри соли 2026) фаъолият мекунанд. Рӯзи шанбе (7-уми ноябри соли 2026) рӯзи корӣ буда, реҷаи кор дар ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 16:00 муқаррар карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то анҷоми муҳлати давраи чоруми бақайдгирии довталабон, ки 20-уми ноябр муқаррар гардидааст, ҳамагӣ 15 рӯз мондааст. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар зер оварда шудааст.
Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ
|
Р/т |
Рақами НБ |
Ном |
Нишонӣ |
Нуқтаи роҳнамо |
|
Шаҳри Душанбе |
||||
|
1 |
01/01 |
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192 |
Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ |
||||
|
2 |
01/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 |
Шуъбаи маориф |
|
Вилояти Суғд |
||||
|
3 |
02/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд |
Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
Маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов |
|
4 |
02/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент |
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов |
|
Вилояти Хатлон |
||||
|
5 |
03/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар |
Шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 |
|
6 |
03/02 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб |
Шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров |
|
7 |
03/03 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун |
Ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
Шуъбаи маориф |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||||
|
8 |
04/01 |
Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ |
Шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 |
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ |





