Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Тақсимоти довталабон ва ҳозиршавӣ ба МТОК

Нашр шуд: 13 Августи 2014
Диданд: 1067

Душанбе, 13 августи соли 2014

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанд, мерасонад, ки натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ихтисосҳои интихобкарда  15 август эълон карда мешавад.  Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ин ё он ихтисоси интихобкардаашон тақсим карда мешаванд, бояд на дертар аз 25 август ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор ҳозир шуда, ба комисияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба МТОК, довталабро зарур аст, ки сари вақт то 25 август МТОК-ро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Ёдрас менамоем, ки 15 август рӯйхати довталабони тибқи натиҷаҳои озмун ба ихтисосҳо тақсимшуда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мегарданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида дар сурати сари вақт то 25 август ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ довталаб аз ҳуқуқи қабул шудан ба ихтисоси тақсимшуда маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешаванд. Шурӯъ аз 26 август барои тақсимоти такрории довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмун ба ихтисосҳои интихобкардаашон тақсим нашудаанд, ба ҷойҳое, ки бо сабаби ҳозир нашудани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи рӯйхати тақсимот холӣ мемонанд, бо назардошти хоҳиши довталабон азнавбақайдгирӣ гузаронида мешавад. Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ба ин ё он ихтисоси интихобнамудаашон тақсим шуданд, ҳуқуқи иштирок дар тақсимоти такрориро надоранд.

Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/4 аз 31 июли соли 2014 дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ,  математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда гузаронида мешавад. Тибқи тартиби муқарраргардида довталаб барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ метавонад то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) интихоб намояд.

Дар бораи натиҷаҳои тақсимот ҳар як довталаби холҳои гузариши фанниро бадастоварда метавонад 15 август бо истифода аз ҳуҷраи инфиродии худ иттилоъ пайдо кунад. Мувофиқи нақша довталабон метавонанд бо натиҷаҳои тақсимот ба ихтисосҳо тавассути паёмак (SMS) низ шинос шаванд (маълумоти муфассал дар ин хусус баъдан пахш хоҳад шуд).

Тақсимоти довталабон бо назардошти баллҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довтабалони тақсимшуда ба ихтисосҳои интихобкарда бояд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1. ариза ба номи ректор;

2. ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ) (дар бораи таҳсилоти ибтидоии мусиқӣ ё миёнаи махсуси мусиқӣ барои довталабони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов);

3. маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);

4. 6 адад сурат (андозаи 3х4см);

5. маълумотнома аз ҷойи зист;

6. шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки аз тарафи сохтори ваколатдори давлатӣ  дода шудааст;

7. билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

8. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  дуюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври дуюм)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон