Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
      • БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ
      • Ҳисоботи миллӣ PISA-2025
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАЪФАРЗОДА САБЗАЛӢ ФАЙЗАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 16 Ноябри 2026
Диданд: 124

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, рамзи арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон мебошад.

Дар воқеъ, шахсияти Пешвои миллат ва фаъолияти созандаи эшон бо марҳилаҳои муҳимтарини ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол пайванди ногусастанӣ дорад. Бо роҳбарии хирадмандона, сиёсати дурбинона ва талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист мушкилоти мураккаби солҳои аввали истиқлолро паси сар намуда, ба марҳилаи нави давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва рушди устувор ворид гардад. Имрӯз дастовардҳои назарраси кишвар дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳз натиҷаи сиёсати созанда ва ташаббусҳои стратегии Роҳбари давлат мебошанд.

Яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат соҳаи маориф аст зеро маориф ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа, ташаккули тафаккури миллӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат дар меҳвари сиёсати давлат аст. Ҳамеша таъкид гардидани аҳаммияти илму дониш, бунёди муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва такмили низоми маориф гувоҳи равшани ин сиёсати маорифпарварона мебошад.

Дар ин замина таъсис ва фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи маориф ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаю ояндабинонаи Пешвои миллат ба шумор меравад.

Таъсиси ин Марказ бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми таҳсилоти кишвар марҳилаи муҳимми ислоҳотро оғоз бахшид. Ҳадафи асосии ин иқдом ҷорӣ намудани низоми муосир, шаффоф ва одилонаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмини имкониятҳои баробар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби ҷавонони донишманду лаёқатманд ва аз байн бурдани фасод ва дигар амалҳои номатлуб дар қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ буд.

Маркази миллии тестӣ дар тӯли фаъолияти худ тавонист дар татбиқи ин ҳадафҳои муҳим саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ниҳоди масъули таъмини шаффофият, адолат ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ мавқеи устувор пайдо намояд. Имрӯз низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба яке аз механизмҳои муҳими такмили низоми маориф табдил ёфта, барои ҳазорон ҷавони кишвар имконияти воқеии амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои таълимӣ ва касбии онҳоро фароҳам меорад.

Муҳимтар аз ҳама, Марказ ҳамчун яке аз ниҳодҳои хоси мамлакат мавриди таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат вобаста ба масъалаи рушди неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонии кишвар мебошад. Зеро фароҳам овардани шароити баробар барои таҳсил, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот яке аз заминаҳои асосии тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва таъмини рушди устувори давлат маҳсуб меёбад.

Мо ифтихор дорем, ки Маркази миллии тестӣ маҳз дар заминаи чунин сиёсати созанда таъсис ёфта, имрӯз ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими низоми маорифи кишвар дар татбиқи ҳадафҳои давлатӣ саҳми худро мегузорад. Ин ифтихор ҳамзамон масъулияти моро барои фаъолияти босамар, риояи қатъии принсипҳои адолату шаффофият, истифодаи технологияҳои муосир ва пайваста баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дучанд менамояд.

Боварии комил дорем, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамоварда ва саъю талоши аҳли маорифу ҷомеа низоми таҳсилоти кишвар бештар рушд намуда, барои ташаккули насли донишманд, соҳибмаърифат, ватандӯст ва рақобатпазир заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар ин рӯзи фархунда ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, зиндагии шоиста ва барору комёбӣ таманно дорам.

Бигзор, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сарбаланду обод ва мардуми он саодатманду сарфароз бошанд!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври чоруми бақайдгирӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои ПрезидентӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои озмуни Стипендияҳои Президентӣ
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Пешгирии ҷавонон аз дохилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ

Дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ ва ҳифзи наслҳои оянда...

 

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

   

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон