Душанбе, 26-уми июни соли 2026
26-уми июни соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Тиргон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, аз нав эҳё гардиданд.
Ҷашни Тиргон низ на танҳо ҳамчун иди ҳосилот ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат аст, балки дорои ҷанбаи муҳими ваҳдатсозӣ низ мебошад. Ин ҷашн мардумро новобаста аз мансубияти маҳаллӣ, иҷтимоӣ ё касбӣ гирди арзишҳои муштарак – меҳнат, фаровонӣ, эҳтироми замин ва ҳамдигар муттаҳид намуда, эҳсоси ҳамбастагӣ ва ягонагии миллиро тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, Тиргонро метавон яке аз унсурҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳувияти фарҳангии тоҷикон арзёбӣ кард.
Дар идома директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. ёдовар шуд, ки ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин қатънома ба таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо, рушди фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва сафарбар намудани талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фароҳам овардани ҷаҳони орому устувор ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда равона шудааст.
Сипас сармутахассиси фанни таърихи раёсати таҳияи маводди имтиҳон Мирзоев Фарҳод дар бораи таърихи ин ҷашн андешаҳои ҷолиб баён кард. Ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт.
Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки асосан мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд. Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.
Дар анҷом таъкид шуд, ки ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон мебошад.







