Душанбе, 26-уми июни соли 2026
26-уми июни соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Неъматзода Манучеҳр ва кормандони Марказ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, дар бораи ин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар изҳори назар кард.
Ҷаъфарзода С. Ф., аз ҷумла зикр кард, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Он на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи андеша, худшиносӣ, шукргузорӣ ва масъулият аст. Ин рӯз танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз ёдовар аз роҳи душвору пурпечутобест, ки миллати тоҷик барои расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа тай намудааст. Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон арзиши бузургтаринест, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии халқи тоҷик ба даст омадааст. Агар Истиқлоли давлатӣ пояи давлатдории муосири тоҷикон бошад, пас, Ваҳдати миллӣ кафили пойдорӣ, субот ва рушди ин давлат ба ҳисоб меравад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ваҳдат ва сулҳ худ ба худ ба вуҷуд наомадаанд. Барои расидан ба онҳо заҳмати бузург, иродаи сиёсӣ ва талошҳои фидокоронаи ҳазорон нафар сарф шудааст. Имрӯз, вақте ки дар фазои орому осуда фаъолият мекунем, фарзандони мардумро барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ роҳнамоӣ менамоем ва барои рушди низоми арзёбии дониш саҳм мегузорем, бояд дарк кунем, ки ҳамаи ин маҳз самараи сулҳу ваҳдат мебошад. Аз оғози фаъолияти худ Маркази миллии тестӣ кӯшиш намудааст, ки принсипҳои асосии фаъолияти худро ба арзишҳои адолат, шаффофият, масъулият ва хидматрасонӣ ба ҷомеа асос намояд. Имрӯз ҳазорон нафар довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, новобаста аз ҷойи истиқомат, вазъи иҷтимоӣ ва дигар омилҳо имконияти баробар барои иштирок дар озмун ва дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд.
Ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин қатънома ба таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо, рушди фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва сафарбар намудани талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фароҳам овардани ҷаҳони орому устувор ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда равона шудааст, – зикр намуд Ҷаъфарзода С. Ф.
Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Неъматзода Манучеҳр суханронӣ карда, зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ, яъне ваҳдату якдилӣ иттиҳоди тамоми тоҷикистониён буда, ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми ҳамватанони мо аст.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳон Азимов Ҷамшед ва муҳаррир-тарҷумони забони тоҷикии ин раёсат Рустамов Ҷаъфар дар бораи Ваҳдати миллӣ, ҳамчун рӯйдод, дастовард, муқаддасоти миллию давлатӣ ва аҳаммияти он барои иттиҳоди халқу миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша карда, аз ҷумла ёдовар шуданд, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлативу ваҳдати миллӣ заминаҳои рушду пешрафти кишвар фароҳам омад ва мамлакат ба комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил шуд. Ваҳдати миллӣ барои амалисозии ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои бузурги давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Дар анҷоми ҷаласа 1 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва 5 нафари дигар бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадр карда шуданд.



















