Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 08 Августи 2025
Диданд: 730

Душанбе, 8-уми августи соли 2025

8-уми августи соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарият ва кормандони Марказ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихон, муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит, кормандони дафтари асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба таври маҷозӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит дар робита ба амалҳои коррупсионӣ, ҳамчун падидаи номатлуб суханронӣ ва таъкид намуд, ки имрӯзҳо коррупсия мавзуи доғи рӯз гардидааст ва ин падида ба барҳам задани бовари ҷомеа ва аҳолӣ ба ниҳодҳои давлатӣ, паст шудани сифати зиндагии мардум, боздоштани рушди иқтисоди кишвар ва халалдор шудани низоми қонунӣ дар давлатҳо оварда мерасонад.

Мубориза бо коррупсия кори як ниҳод набуда, барои пешгирӣ аз ин падидаи хатарноку нангин бояд мо дар якҷоягӣ фаъолият намуда, баҳри коҳиш додани он саҳмгузор бошем, афзуд Шодиниё А. Ш.

Сипас, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихон оид ба татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои маъёрии ҳуқуқии дигари танзимкунандаи соҳа суханронӣ карда, барои пешгирии ҳолатҳои мусоидаткунанда ба амалҳои коррупсионӣ пешниҳодҳои мушаххас намуда, вобаста ба риояи талаботи конунгузорӣ ва татбиқи дурусти Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 465 тасдиқ гардидааст, ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Розиқзода Алихон таъкид кард, ки барои ташкили вохӯрӣ бо намояндагони Агентӣ бо ташаббуси Марказ, тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ берун аз Марказ, пешгирӣ аз ҳолатҳои қаллобӣ дар робита ба фаъолияти Марказ, таҳияи нақшаи корҳои тарғиботию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи дохилиидоравӣ вобаста ба эскпертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва гузоштани маводди дахлдор дар сомонаи Марказ чораҷӯӣ карда шавад.

Дар анҷом муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит барои ҳамкориҳои судманду саривақтӣ ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннадорӣ намуд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои озмуни тақсимоти такрорӣРӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои озмуни тақсимоти такрорӣ
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон