Душанбе, 18-уми июни соли 2025
18-уми июни соли 2025 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии муштараки роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони марказҳои имтиҳонӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ аз ҷумла роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва намояндагони ваколатдор иштирок карданд.
Дар аввал муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ карда, таъкид намуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД), воқеан, маъракаи намоёни ҳарсолаи соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳадафи ҷамъ омадани аҳли маҷлис низ бозгӯии масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ин имтиҳонҳо аст.
Мо бояд барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар марказҳои имтиҳонӣ дар якҷоягӣ фаъолият намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳо кӯшиш намоем.
Сипас директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар суханрониаш гуфт, ки ҳадафи асосии вохӯрии мазкур, аз он иборат аст, ки бори дигар нуктаҳои муҳимро дар мавриди дуруст ва бенуқсон роҳандозӣ намудани ИМД бозгӯйӣ карда, масъулияти намояндагони ваколатдори ММТ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳониро таъкид намоем.
Шаффофият ва адолат дар ҳамаи давру марҳилаҳои ИМД аз принсипҳои асосии фаъолияти Марказ ба ҳисоб меравад. Довталабон ва дигар шахсони алоқаманд итминон ҳосил кардаанд, ки Марказ дар таъмини ин ва дигар усулҳо кафил аст. Мо итминон дорем, ки кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷриба ва малакаи кофии худ барои дар сатҳи баланд ва ҳадафмандона анҷом додани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли ҷорӣ, пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои номатлуб дар ин самт ҳама якдилона саъю кӯшиш хоҳанд кард.
Ҷаъфарзода С. Ф. бо истифода аз фурсат ба роҳбарияти мақомоти ҳузурдошта ва мутахассисони онҳо барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои беғаразонаашон дар ташкилу роҳандозии ИМД ва дигар самтҳои фаъолияти Марказ изҳори сипос кард.
Таъкид шуд, ки бо назардошти ҳассосият ва мураккабии раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳои мазкур, эҳтимоли таъсири баъзе омилҳои объективӣ ва субъективӣ, содир шудани хатоҳо ва камбудиҳо, вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, таъкиди нуктаҳои огоҳкунанда ва чораҳои пешгирикунанда ба манфиати кор аст. Инҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои риояи тартиби муқарраршудаи имтиҳонҳо, интизоми корӣ, муошират бо кормандон ва мардум, риояи комили вазифаҳо ва уҳдадориҳо аз ҷониби кормандони марказҳои имтиҳонӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ ва амалҳои ба он монанд, кирдорҳои иғвоангезона ва қаллобӣ ва ғайра дахл доранд.
Ҷаъфарзода С. Ф аз ҳозирин даъват кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ, аз қабили шоҳиди амалҳои коррупсионӣ, қаллобӣ, иғвогарӣ ва ё дигар рафторҳои номатлуб дар робита ба ИМД ва умуман, фаъолияти Марказ гардидан ё огоҳ шудан, бетараф набошанд ва дар ин бора фавран ба роҳбарияти Марказ ва мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Фаъолияти содиқона ва поквиҷдононаи мо, иҷрои вазифаҳо мутобиқи талабот ва меъёрҳои муқарраршуда омили ҳифзи обрӯ ва эътибори ҳам мо ва ҳам Марказ хоҳад буд. Набояд фаромӯш кард, ки Маркази миллии тестӣ ниҳодест, ки фаъолияташ таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Хушбахтона, Марказ аз замони таъсисаш то ин дам бо фаъолияти пурсамар, таъмини пурраи шаффофият, адолат ва дигар принсипҳои муҳим, сазовори эътимоди ҷомеа гардидааст.
Аз ин баъд ҳам набояд дар кору рафтори ҳеҷ яке аз мо ба камбудӣ ва костагӣ роҳ дода шавад ва боиси костагии нуфузу эътибори Марказ гардад, – таъкид кард ӯ.
Намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷаласа суханронӣ карда, кормандони Марказро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуданд.