Душанбе, 18-уми июни соли 2026
18-уми июни соли 2026 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии муштараки роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони марказҳои имтиҳонӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ, аз ҷумла роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва намояндагони ваколатдор иштирок карданд.
Дар оғоз директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи ҳадафи асосии вохӯрии мазкур суханронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз масъалаҳои калидие, ки мо ҳар сол дар арафаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, масъалаи пешгирии ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва омилҳои коррупсионӣ мебошад. Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии татбиқи низоми ИМД аз рӯзҳои нахустини роҳпндозии он маҳз таъмини шаффофият, дастрасии баробари довталабон ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар ҷараёни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ буд.
Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки ҳамоҳангию ҳамкории фаъолияти Маркази миллии тестӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар сохторҳои масъул барои таъмини шаффофият ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аҳаммияти калон дорад. Ҳузур ва иштироки фаъоли намояндагони ин мақомот дар чорабиниҳое чун имрӯз худ омили муҳимми пешгирикунанда мебошад. Ин ҳамкорӣ ба ҷомеа паёми возеҳ медиҳад, ки давлат барои ҳифзи адолат ва таъмини ҳуқуқи ҳамаи довталабон аз тамоми имкониятҳои дастрас истифода мебарад.
Имрӯз мо дар арафаи марҳилаи муҳимми навбатии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қарор дорем. Бовари комил дорам, ки бо истифода аз таҷрибаи андӯхташуда, ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи сохторҳои масъул, масъулиятшиносии роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ, намояндагони ваколатдор ва кормандони дигари муваққатӣ мо метавонем ин чорабинии муҳимро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намоем. Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳои худро сафарбар намоем, то ки ҳар як даври имтиҳон дар фазои ором, муташаккил, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
Сипас муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ карда, таъкид намуд, ки таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ яке аз муҳимтарин ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки татбиқи ин низом барои таъмини принсипҳои адолат, шаффофият, баробарии имкониятҳо ва интихоби воқеан сазовори довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Мо бояд амиқан дарк намоем, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо як механизми қабул ба муассисаҳои таълимӣ нест. ИМД имрӯз ба яке аз муҳимтарин воситаҳои татбиқи сиёсати давлатии маориф табдил ёфтааст. Маҳз тавассути ин низом ҷомеа ва давлат метавонанд сатҳи воқеии омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумиро арзёбӣ намоянд. Ҳар як натиҷаи имтиҳонӣ на танҳо таҷассумгари донишу маҳорати ҳар довталаб, балки то андозае нишондиҳандаи фаъолияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон, роҳбарияти муассиса ва мақомоти идоракунии соҳаи маориф низ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар қадаре ки низоми арзёбӣ объективӣ, муътамад ва шаффоф бошад, ҳамон қадар натиҷаҳои он барои такмили сиёсати давлатӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот муфид хоҳад буд.
Дар анҷом намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуд.












