Душанбе, 2-юми ноябри соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 аз 2-юми ноябри соли 2026 оғоз гардид.
Барои бақайдгирии довталабон (давраи чорум) дар 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт, нуқтаҳои бақайдгирӣ (https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/nu-ta-oi-ba-ajdgir-baroi-ishtirok-dar-davrai-chorumi-imd-2027.html) ташкил карда шудааст.
Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар ИМД 2026 ягон бор худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар давраҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм ва сеюм) иштирок накардаанд;
- довталабони дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми ИМД 2026 комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии давраҳои якум, дуюм ва сеюми ИМД 2026 аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Шахси хоҳишманди иштирок дар даври чоруми ИМД 2026 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад. Мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.
Муҳлати давраи чоруми бақайдгирӣ то 20-уми ноябри соли равон муқаррар гардидааст. Хотиррасон мекунем, ки агар барои довталаби дар ин давра номнависшуда зарурати иваз кардани интихобҳои аввалааш бошад, метавонад ин корро дар ҳамин муҳлат анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат кунад, ки дар он худро сабти ном кардааст.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон ҷойҳои дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии алоҳида пешниҳод карда мешаванд. Вобаста ба ин, дар ин давраи бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил пешниҳод карда шудаанд.
Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва макони имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб кард.
Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб карда метавонанд.
Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори беш аз даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад. Барои донишҷӯй шудан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.
Тибқи нақшаи пешакӣ, довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)-ро дар даври чорум – 29-уми ноябр месупоранд. Дар ин давраи бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки яке аз инҳоро интихоб карда метавонанд.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар ин давра ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В рӯзҳои 27-ум ва 28-уми ноябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, ки бо мақсади иштирок дар ИМД – 2026 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 370 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД 2026, аз ҷумла, дар бораи шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта, дар зер оварда шудааст.
Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод карда шаванд
- Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он.
- Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд ва диплом);
- Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата”: барномаи мобилии “Эсхата онлайн”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).
Маълумот дар бораи арзиши хизматрасонӣ ба довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 (қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)
Маблағе, ки довталаб бораи хизматрасонӣ дар ИМД 2026 ҳангоми бақайдгирӣмесупорад.
|
Р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
1 |
Довталабони беимтиёз |
370 |
|
2 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II |
185 |
|
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
185 |
|
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё падар ё модари танҳо доранд |
185 |
|
5 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд |
0* |
|
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
0* |
|
7 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд |
0* |
|
8 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
0* |
|
9 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
0* |
Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 2-юми ноябр то 20-уми ноябр) номнавис карда мешаванд.
|
Р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
|
1 |
Довталабони беимтиёз |
30 |
|
2 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд |
0* |
|
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
0* |
|
4 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд |
0* |
|
5 |
“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
0* |
|
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
0* |
* ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 2026 озоданд. Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ё 224 53 73 ба Марказ муроҷиат кунад.





