Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

Низоми ИМД дар машварати мудирони кабинетҳои методӣ

Нашр шуд: 20 Сентябри 2013
Диданд: 1446

20 сентябри соли 2013  дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон барои мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар-машварат доир гардид. Бо даъвати Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати муаррифии низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) дар семинар-машварат иштирок намуда, низоми ИМД-ро муаррифӣ намуданд. Муаррифӣ дар шакли электронӣ намоиш дода шуда, ба иштирокчиён оид ба таъсис ва мақсаду вазифаҳои ММТ, хусусиятҳои фарқкунандаи низоми ИМД аз низоми амалкунандаи қабули довталабон, марҳилаҳои асосии ҷорӣ намудани низоми ИМД, бақайдгирии довталабон, супоридани имтиҳонҳо ва тарзи навишти кори хаттии эссе маълумот дода шуд. Ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ, аз қабили буклети ММТ ва брошюраи низоми ИМД тақсим карда шуд.

Интихоби касб барои хатмкунандагон осон гардид

Нашр шуд: 19 Сентябри 2013
Диданд: 2161

        Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” барои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ “Тавсияҳои методӣ оид ба интихоби касб” таҳия намуд.

     Мақсади таҳияи дастури мазкур ташкили касбинтихобкунии хонандагон бо дарназардошти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) мебошад.

       Дар дастур мафҳуми касб ва ихтисос, тарзи интихоби касб, пешниҳодот оид ба беҳдошти корҳои касбинтихобкунӣ, интихоби ихтисос аз низоми ИМД, матрисаи интихоби касб ва ғайра дарҷ гардидааст.

Бо истифода аз дастур хатмкунанда имконият дорад, ки аз матрисаи интихоби касб истифода барад. 

Маркази миллии тестӣ тасмим гирифтааст, ки дастури мазкурро бо теъдоди 5000 нусха нашр намуда, ба МТМУ тақсим намояд.

Шакли электронии дастур дар сомонаи Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) ҷой дода шудааст.

Сомонаи Маркази миллии тестӣ муаррифӣ шуд

Нашр шуд: 16 Сентябри 2013
Диданд: 1464

16 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф бо иштироки муовинони вазир, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи вазорат, роҳбарони муассиса ва ташкилотҳои тобеи вазорат муаррифии сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) доир гардид.

Сардори шуъбаи технологияи иттилоотию коммуникатсионии ММТ Назаров Р.С. суханронӣ намуда, оид ба бахшҳо ва зербахшҳои сомона, ҷойгир намудани иттилоот ва истифодабарии сомона қайд намуд.

Низоми нави ИМД дар вазорати маориф муаррифӣ шуд

Нашр шуд: 13 Сентябри 2013
Диданд: 1391

Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи вазорат бо иштироки муовинони вазири маориф, сардорон ва мутахассисони раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсус, таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва дигар шуъбаҳою бахшҳо муаррифии низоми нави “Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Марҳилаҳои низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ

Нашр шуд: 11 Сентябри 2013
Диданд: 1266

Марҳилаҳои низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 

1. Корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ  ва ташвиқотию таблиғотӣ дар байни ҷомеа (доимӣ)

2. Муайян намудани тахассусҳо ва ҷойҳои ҷудошуда дар МТОК-и ҷумҳурӣ ва тасдиқи нақшаи қабул (то 01 ноябри соли 2013)

3. Таҳияи дастур барои довталабон (то 01 феврали соли 2014)

4. Бақайдгирии довталабон (аз 1 март то 15 апрели соли 2014)

5. Ирсоли даъватномаҳо ба довталабон (то 31 майи соли 2014)

6. Таҳияи вариантҳои ниҳоии тестҳо ва чоп, бастабандӣ ва дастрасгардонии маводи имтиҳонӣ то марказҳои имтиҳонӣ (то 30 июни соли 2014)

7. Гузаронидани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (то 30 июни соли 2014)

8. Баргузории имтиҳонҳо (аз 1 то 10 июли соли 2014)

9. Баргузории имтиҳонҳои такрорӣ барои довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанд (15 – 17 июли соли 2014)

10. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (01 августи соли 2014)

11. Оғози кори Комиссияи апеллятсионӣ (аз 2 то 9 августи соли 2014)

12. Тақсимоти донишҷӯён ба МТОК-и ҷумҳурӣ (то 10 августи соли 2014)

13. Пешниҳоди рӯйхат ба МТОК-и ҷумҳурӣ (то 15 августи соли 2014)

14. Анҷоми тақсимот ба МТОК (01 сентябри соли 2014)

  1. Натиҷаҳои озмоиш муаррифӣ шуд
  2. Озмоиши ИМД ва идомаи интизориҳо

Саҳифаи 171 аз 176

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 166
  • 167
  • 168
  • ...
  • 170
  • 171
  • 172
  • 173
  • 174
  • ...
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон